Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасдиқи аъзои нави ҳайати мушовараи ВКД


Маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон. 29 майи 2015
Маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон. 29 майи 2015

Дар ҷаласаи рӯзи 29 майи ҳукумати Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, ҳайати нави мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ тасдиқ шудааст. Ҷузъиёти ин хабар ҳанӯз дар даст нест, вале дафтари матбуоти президент мегӯяд, дар оғози ин ҷаласа “масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд”. Ба иттилои манбаъ, аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ низ тасдиқ гардидаанд. Дар маҷлиси рӯзи ҷумъа Стратегияи рушди инноватсионии Тоҷикистон то соли 2020, низомномаи намунавӣ оид ба таҳия, ташхис ва нашри адабиёти таълимӣ ҳам таъйид шуда, Шӯрои ҳукуматӣ дар бораи рушди кинематографияи миллӣ таъсис ёфтааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, инчунин тарҳи иловаҳо ба қонун дар “Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” барои баррасӣ ба парлумон пешниҳод шудааст.

XS
SM
MD
LG