Пайвандҳои дастрасӣ

"Мерседес" - бурди олии лотереяи бозии Тоҷикистону Урдун


​Мухлисоне, ки ба тамошои бозии дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Урдун меоянд, имкони бурди мошини «Мерседес-Бенс»-ро доранд.

Мухлисоне, ки ба тамошои бозии даври аввали марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 байни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Урдун меоянд, имкони бурди мошини «Мерседес-Бенс»-ро доранд. Ин бозӣ 11 июн соати 20:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе шурӯъ мешавад.

Ба ҷуз мошин, телефони «iPhone 6» ва планшети «iPad» бурдҳои лотерея мебошанд. Нархи билетҳои маъмулӣ, ки аз 6 июн ба фурӯш бароварда мешаванд, 15 сомонӣ муқаррар шудааст. Тамшобинон бо ин билетҳо, инчунин дар бозии лотерея иштирок мекунанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, барои аввалин бор билетҳои VIP ба бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун ба фурӯш баромадааст. Соҳиби ин билет, ки бозиро дар курсии мулоими муҷаҳҳази ложаи VIP тамошо мекунад, ба варзишгоҳ ба воситаи даромадгоҳи вижа ворид мешавад. Инчунин ба ӯ ҳангоми танаффуси бозӣ дар нуқтаи алоҳидаи ғизо хидмат расонида хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, бар асоси қуръакашии даври дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018, ки 14 апрели соли равон дар пойтахти Малайзия - Куала-Лумпур баргузор шуда буд, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо тимҳои миллии Австралия, Урдун, Қирғизистон ва Бангладеш рақобат мекунад.

Тақвими бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми интихобии Ҷоми Ҷаҳон – 2018 дар гурӯҳи «В»:

Даври 1-ум

11 июн (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Урдун. Соати 20:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 2-юм

16 июн (сешанбе)

Бангладеш – Тоҷикистон

Даври 4-ум

8 сентябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Австралия. Соати 18:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 5-ум

8 октябр (панҷшанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Даври 6-ум

13 октябр (сешанбе)

Урдун– Тоҷикистон

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Бангладеш. Соати 17:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 9-ум

24 марти соли 2016 (панҷшанбе)

Австралия – Тоҷикистон

Даври 10-ум

29 марти соли 2016 (сешанбе)

Тоҷикистон – Қирғизистон. Соати 18:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

XS
SM
MD
LG