Пайвандҳои дастрасӣ

Рақибони эҳтимолии “Истиқлол” дар 1/4 финали Ҷоми АФК маълум шуданд


Бозиҳои ҳаштякниҳоии Ҷоми АФК-2015 рақибони эҳтимолии “Истиқлол”-и Тоҷикистонро дар даври чорякниҳоӣ муайян карданд.

Аз рӯи натоиҷи бозиҳои ҳаштякниҳоии Ҷоми АФК (Конфедератсияи футболи Осиё)-2015, ки рӯзҳои 26-27 май баргузор шуданд, ширкаткунандагони даври чорякниҳоӣ ва рақибони эҳтимолии “Истиқлол”-и Тоҷикистон маълум шуданд.

Ёдовар мешавем, дастаи «Истиқлол», ки дар даври ҳаштякниҳоӣ дар майдони худ тими “Ал-Ваҳда”-и Сурияро аз рӯи силсилаи пеналтӣ шикаст дод, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Рақиби “Истиқлол” дар чорякфинал аз рӯи қуръакашӣ, ки 18 июн дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар пойтахти Малайзия - Куала-Лумпур - доир мешавад, муайян хоҳад шуд.

Рақибони эҳтимолии «Истиқлол» дар чорякфинали Ҷоми АФК метавонанд дастаҳои «Саут Чайна» ё «Китчӣ»-и Ҳонконг, «Ал-Қодсия» ё КВ «Кувайт»-и Кувайт, «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия ё «Ал-Ҷайш»-и Сурия шаванд.

Бояд гуфт, ки боз як бозии ҳаштякниҳоӣ байни дастаҳои «Персипура Ҷаяпура»-и Индонезия ва «Паҳанг»-и Малайзия доир нагашт, зеро ки ба баъзе аз бозигарони малайзиягӣ раводиди сафар дода нашуд. Дар айни ҳол АФК ин масъаларо таҳқиқ дорад. Тасмими ниҳоӣ баъди анҷоми таҳқиқ гирифта мешавад.

Бозиҳои аввали чорякниҳоии Ҷоми АФК рӯзҳои 25-26 август, бозиҳои ҷавобӣ 15-16 сентябр баргузор мешаванд.

Ҷоми АФК-2015. 1/8 финал

«Истиқлол» (Тоҷикистон) — «Ал-Ваҳда» (Сурия) — 1:1. Аз рӯи пеналтӣ — 4:2

Голҳо: Раслан Ал-Курдӣ, 21 (0:1). Раслан Ал-Курдӣ, 34 – ба дарвозаи дастаи худ (1:1).

Силсилаи пеналтӣ: Нуриддин Давронов – 1:0. Усома Умарӣ – 1:0 (дарвозабон). Аҳтам Назаров – 2:0. Муҳаммад Катая – 2:1. Фатҳулло Фатҳуллоев – 3:1. Муҳаммад Ҳамдку – 3:2. Парвизҷон Умарбоев – 4:2. Маҳмуд Хадуҷ – 4:2 (тири дарвоза).

«Саут Чайна» (Ҳонконг) – «Бенгалуру» Ҳиндустон) – 2:0

«Ал-Ваҳдат» (Урдун) – «Ал-Қодсия» (Кувайт) – 0:1

«Персиб Бандунг» (Индонезия) – «Китчӣ» (Ҳонконг) – 0:2

«Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия) – «Эйявадӣ Юнайтед» (Мянмар) – 5:0

«Ал-Ҷайш» (Сурия) – «Ал-Ҷазира» (Урдун) – 1:0

«Ал-Шорта» (Ироқ) – КВ «Кувайт» (Кувайт) – 0:2

Бозии «Персипура Ҷаяпура» (Индонезия) – «Паҳанг» (Малайзия) баргузор нашуд.

XS
SM
MD
LG