Пайвандҳои дастрасӣ

Тонку тупхонаҳои Русия дар назди Украина


Ба гузориши хабарнигори Ройтерс, артиши Русия теъдоди зиёди сарбозон ва садҳо тонку тӯпхонаҳоро ба як минтақаи наздик ба Украина бурдааст. Ба гуфтаи ин хабарнигор, аслиҳаи вазнин, тонку тупхона ва мушакандозҳоро рӯзҳои 23-26-уми май ба ноҳияи Кумински бурдаанд, ки 50 километр дуртар аз минтақаи Луҳански Украина ҷойгир аст. Ин минтақаро ҷудоиталабони тарафдори Русия таҳти контрол доранд. Вазорати дифои Русия ин гузоришро шарҳ надодааст. Кишварҳои ғарб ва Украина мегӯянд, ки Русия ба ҷудоиталабон дар Украина бо аслиҳаву муҳимот кӯмак мекунад, вале Маскав ин иддаоро рад кардааст. Дар муноқишаҳо дар шарқи Украина дар як соли ахир дасти кам 6 ҳазор нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG