Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди вазирон аз фаъолияти ФИФА


Вазирони умури хориҷии Фаронса ва Бритониё, бо танқиди сахт аз амалкардҳои ФИФА Федератсияи байналмилалии футбол хостанд, ҷаласаи интихоби раиси ин созмон ба таъхир андохта шавад. Лаурент Фабиус, вазири хориҷии Фаронса, рӯзи 28-уми май гуфт, баъди боздошти чанд мақоми ФИФА дар Сюрихи Швейтсария беҳтар аст, ҷаласаи интихоби раиси нави ФИФА ба вақти дигар гузошта шавад. Дар ҷаласаи солонаи Федератсияи Байналмилалии Футбол, ки қарор аст, рӯзи 29-уми май сурат бигирад, Сепп Блаттер, раиси феълии ФИФА ва Шоҳзода Алӣ аз Ӯрдун номзад ба мақоми раиси созмон ҳастанд. Филип Ҳаммонд, вазири хориҷии Бритониё рӯзи 28-уми май ба телевизиони Би Би Си гуфт, ки “зоҳиран дар дили ФИФА, мушкиле вуҷуд дорад” ва бояд онро ислоҳ кунанд. УЕФА, созмони федератсияҳои футболи Аврупо хост, ки ҷаласаи интихоби раиси нав то ним соли дигар ба таъхир андохта шавад. Айни замон намояндагони созмонҳои футбол ва сиёсатмадорони кишварҳои гуногун аз Сепп Блаттер хостанд, ки аз мақомаш истеъфо бидиҳад. Рӯзи 28-уми май, маъмурони пулиси Швейстария 7 мақоми ФИФА-ро бо иттиҳоми ришвахорӣ дастгир карданд.

XS
SM
MD
LG