Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбози бераҳм ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд


Баҳриддин Насриддинов
Баҳриддин Насриддинов

Додгоҳи ҳарбии Душанбе сарбоз Фаррух Пӯлодовро дар латукӯби ҳамхидмати худ гунаҳкор донист ва тибқи банди 373, қисми 2, нуктаи "Д"-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон ё "нақзи қоидаҳои муносибати байни хидматчиёни баробарҳуқуқи ҳарбӣ бо расондани осеби сахт ба саломатӣ" ба 5 солу шаш моҳи зиндон маҳкум кард. Пӯлодов ба он айбдор дониста шуд, ки сарбоз Баҳриддин Насриддиновро ҳадафи зарбу лат қарор дод ва ба ӯ осеби ҷисмонӣ расонд. Масъулони қисми низомии 12019-и нерӯҳои зудамали Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегуфтанд, сарбози латукӯбшуда Баҳриддин Насриддинов пас аз 20 рӯзи латукӯб аз ҷониби ҳамхизмати худ латукӯб ва ҷарроҳӣ ба по хеста ва роҳ меравад. Наздикони Баҳриддин Насриддинови 22-сола сешанбеи 10-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ ҳангоми ҷанҷол бо як ҳамхидматаш зарб бардоштааст. Манфиатҳои ӯро дар додгоҳ вакили дифоъ аз Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ Дилшод Ҷӯраев ҳимоя мекард.

XS
SM
MD
LG