Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ваъдаи раҳбарони Сербистон ва Албания барои ҳамкорӣ


Нахуствазирони Албания ва Сербистон

Нахуствазирони Албания ва Сербистон

Нахуствазирони Сербистон ва Албания дар мулоқоташон дар шаҳри Тирана ваъда доданд, ки барои беҳбуд ёфтани ҳамкориҳои дуҷониба кӯшиш мекунанд. Александ Вучич, нахуствазири Сербистон, рӯзи 27-уми май гуфт, ҳукуматҳои ду кишвар “бояд ба оянда нигаҳ кунанд ва оянда барои мо, ҳамкории хуб бо Албания аст.” Эдӣ Рама, нахуствазири Албания гуфт, кишвараш ва Сербистон “шанси таърихӣ барои бозгардонидани сулҳ ба минтақа ва бунёди ҳамзистӣ” доранд. Ҳарду кишвар барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархост додаанд. Нахуствазирони Сербистон ва Албания, ихтилофоти назар дар бораи масъалаи Косоворо эътироф карданд, вале гуфтанд, тарҳҳои муштарак аз ҷумла бунёди шоҳроҳе, ки ҳарду кишварро васл мекунад, ҳамкориҳоро беҳтар мекунад. Ин тарҳро Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мекунад. Александр Вучич, нахустин раҳбари Сербистон аст, ки ба Албания сафар мекунад. Муносибати ду кишвар бинобар масъалаи Косово сард буд, зеро баъди эълони истиқлоли Косовои умдатан албанишин дар соли 2008 Сербистон то кунун онро ба расмият нашинохтааст.

XS
SM
MD
LG