Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден гуфт, ҳамкориро бо Русия идома диҳем


Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, кишвараш бояд ҳамкорӣ бо Русияро дар арсаҳои ба манфиати тарафайн идома бидиҳад, вале на ба ҳадде ки “аз Амрико бихоҳад, аз масоили усулии ҳаётӣ барои амният ва некӯаҳволии Амрико ва муттаҳидонаш даст кашад.” Ҷо Байден рӯзи 27-уми май дар Пажӯҳишгоҳи Брукинг дар Вашингтон гуфт, “ҳамаҷониба ба манфиати мо аст, ки ҳамкориҳо бо Русияро” дар арсаи мубориза бо терроризм ва маҳдуд кардани тавоноии атомии Эрон идома бидиҳем. Ба гуфтаи Ҷо Байден, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, то ба ҳадде, ки метавонад, пофишорӣ мекунад, вале агар фаҳмид, “баҳои гароне мепардозад” ин корашро бас мекунад. Ҷо Байден афзуд, “Баъди ин мумкин аст, ӯ хато кунад ва идома бидиҳад, вале агар ба рафтору собиқаи кориаш нигоҳ кунем, ӯ марди амалгарост.” Муовини раиси ҷумҳури Амрико, Владимир Путинро барои ғасби нимҷазираи Қрими Украина дар моҳи марти соли 2014 ва нақши Русия дар муноқиша дар шарқи Украина танқид кард. Ба гуфтаи ӯ, “таҷовузи Русия дар амал манзараи амниятӣ дар Аврупоро тағйир дод.”

XS
SM
MD
LG