Пайвандҳои дастрасӣ

Савганди 120 наваскар дар солгарди таъсиси нерӯҳои марзбонӣ


Дар бистуякумин солгарди таъсиси нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, беш 120 нафар аз наваскарон савганд ёд карданд.

Имрӯз, панҷшанбеи 28 май ба муносибати таҷлили 21-умин солгарди таъсиси нируҳои марзбонии Тоҷикистон, 120 наваскари қисми низомии 26 20, савганд ёд кардаанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар ин маросим ширкат дорад, иттилоъ дод, ки маросими савгандёдкунии 120 наваскари қисми низомии 26 20-и Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо ширкати Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва дигар мақомот ва ҳамчунин Дмитрий Бабров, намояндаи бахши марзбонии Хадамоти федеролии амнияти Русия дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳоии марзбонии Тоҷикистон дар ин маросим ҳама наваскаронро ба хизмати содиқона даъват кард ва гуфт: “Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон бо фаъолияти мустақилона имрӯз, дар кӯтоҳтарин фурсат қодир аст, ки аз ӯҳдаи тамоми амру супоришҳо бо сари баланд барояд. Айни ҳол ҷузъу томҳои нерӯи марзии кишвар аз ҳисоби донишкадаҳои ҳарбии хадамоти федеролии сарҳадии Русия, донишкадаи сарҳадии КДАМ-и Қазоқистон, Омӯзишгоҳи олии сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон бо кадрҳои баландихтисос таъмин гардида истодаанд.”

Дмитрий Бабров, намояндаи Хадамоти федеролии амнияти Русия дар Тоҷикистон дар суханоонии худ аз марзбонони тоҷик ба унвони нерӯи қавӣ ва бузург барои ҳифзу ҳимояи марзу буми ин кишвар ном бурд. Маросими савгандёдкунии 120 наваскари қисми 26 20-и Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи Давлатии Амнияти Тоҷикистон бо гузашти паради низомии сарбозону афсарони ин қисми низомӣ аз назди ҳайати фармондеҳии нӯрӯҳои марзбонӣ ба поён расид.

Зимнан, қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон соли 1994 ва ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон “дар таги хайма” таъсис шудааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон 27 май соли 2014 зимни суханронӣ ба муносибати 20-умин солгарди таъсиси неруҳои сарҳадӣ дар Кохи Ваҳдат -и шаҳри Душанбе гуфт, ки "таъсиси нерӯҳои мусаллаҳ, ба хусус марзбонӣ дар он замон осон набуд. Чун ҳеҷ меросе аз замони шӯравӣ барои Тоҷикистон намонда буд. Ман дар таги хайма нерӯҳои мусаллаҳро таъсис додам ва ҳатто вазирро аз хориҷи кишвар оварда таъин кардам."

Оқои Раҳмон дар идома гуфт, "вақте ман сари қудрат омадам, вазорати дифоъ надоштем, ягон генерал надоштем, як сарбоз надоштем, ҳатто як милтиқи чубин надоштем. Хуб дар ёд дорам, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, вақте мо ҷавононро ба хизмат даъват мекардем, вақте афсарону сарбозон бе хӯроки хуб ба ватан хизмат мекардан, ман боварӣ доштам, ки ояндаи хуб дорем."

Ҳамакнун ба таъкиди мақомоти Тоҷикистон, дар ду даҳсолаи ахир нерӯҳои марзбонӣ ба 20 ҳазор расидааст ва шароиту имконот барои фаъолияти нируҳои мусаллаҳ фароҳам гардидааст. Тоҷикистон бо Узбакистон, Қирғизистон, Чин ва Афғонистон ҳазорон километр марзи муштарак дорад.

XS
SM
MD
LG