Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Зоҳидӣ бо вазирони корҳои хориҷии Эрон ва Афғонистон


Ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласаи 42-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ, ки рӯзи 27 май дар Кувайт оғоз шуд, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ раҳбарӣ мекунад. Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар ин нишаст масоили рушди ҳамкориҳо байни кишварҳои аъзои созмон, мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳамчунин вазъияти ноороми минтақа, аз ҷумла дар кишварҳои Яман, Ироқ, Сурия, Либия ва кишварҳои алоҳидаи китъаи Африка мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ба гуфтаи манбаъ, дар доираи рӯзи аввали кории Шӯрои вазирони Созмон ҷаласаи махсус дар мавзӯи “Стратегияи муборизаи самаранок алайҳи терроризм, экстремизм ва исломофобия” баргузор шуд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳошияи рӯзи аввали ҷаласа мулоқотҳои муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазирони корҳои хориҷии Эрон ва Афғонистон Муҳаммадҷавод Зариф ва Салоҳиддин Раббонӣ, муовини сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Мамлакати Ҳошимии Урдун Насер Ҷуда, муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Аскар Мусинов ва намояндаи махсуси Дабири кулли СММ оид ба Ироқ Ян Кубиш баргузор шуданд.

XS
SM
MD
LG