Пайвандҳои дастрасӣ

Намоиши либоси миллӣ дар осорхонаи мардумшиносӣ (ВИДЕО)


Дар Осорхонаи мардумшиносии Тоҷикистон гӯшаи наве бо таъкид бар сарулибоси миллии тоҷикон таъсис ёфт. Дар он барои мардҳо ҷома ва занон як силсила либосҳо пешниҳод мешавад.

Бо ҳадафи тарғиби либоси миллӣ ва дурӣ ҷустан аз либоси "бегона" чанде пеш дар Осорхонаи мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон гӯшаеро боз кардаанд, ки дар он нигораҳо ва либосҳои миллии занонаву мардонаи мардуми тоҷик ба намоиш гузошта шудааст.

Ин гӯша “Қаротоғ ва ҳунарҳои мардумии он” унвон дорад ва тибқи иттилои масъулини осорхона, либосвориҳоро олимони мардумшинос асосан аз минтақаи Қаротоғи Шаҳринав ҷамъоварӣ кардаанд, ки онро бонувон ва мардони тоҷик дар нимаи аввали асри 20 ба бар мекардаанд.

Тутиниссо Ашӯрмадова, мудири осорхонаи мардумшиносӣ мегӯяд, яке аз сабабҳои ташкилкунии ин гӯша бахшида ба 300 солагии Ҳисор аст ва дар инҷо кӯшиш кардаанд, ки намудҳои боризи либосҳои миллиро аз қабили фаранҷӣ, адрас, ҷомаи мардона ва амсоли инҳоро ҷамъоварӣ созанд.

Хонуми Ашурмадова афзуд: “Президенти кишвар дар баромади хеш борҳо дар бораи либоси миллии тоҷикӣ таъкидҳо доштанд ва мо низ иқдом гирифтем, ки дар пайи ташаббусҳои ҷаноби олӣ ин гӯшаро таъсис диҳем”.

Намоиши ин нигораҳо то ҷашни истиқлолият ба назар гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG