Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ришвахориву фасод дар ФИФА ошкор мешавад


Мақомоти расмии ФИФА

Мақомоти расмии ФИФА

Додситонии кулли Швейтсария 27 май хабар дод, ки бар зидди чанд нафар аз раҳбарони ФИФА бо гумони сӯиистифода ва шустушӯи пул дар робита ба пардохти “ҷоизаҳо” дар ивази ба даст овардани ҳаққи мизбонии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018, ки дар Русия доир мешавад ва Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022, ки Қатар мизбонаш мебошад, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Додситонии Швейтсария дар баёнияаш гуфт, онҳо дар ин маврид иттилоъ ва аснодеро аз шабакаи компутарии ФИФА - Иттиҳодияи федерасиюнҳои футболи ҷаҳон – мусодира кардаанд.

Ин хабар соате баъд аз он нашр шуд, ки субҳи 27 май идораи адлияи Швейтсария (FOJ) аз боздошти 7 мақоми футбол бо дархости мақомоти Амрико хабар дод. Гуфта мешавад, ин афродро дар пешорӯи анҷумани солонаи ФИФА дар шаҳри Сюрих дастгир кардаанд ва онҳо мунтазири баррасии парвандаи истирдодашон ба Амрикоянд.

Мақомот мегӯянд, амалиёти боздошти ин 6 нафар аз сӯи пулиси Швейтсария субҳи 27 май дар меҳмонхонаи пуршукӯҳи “Baur au Lac” дар шаҳри Сюрих сурат гирифтааст.

Идораи адлияи Швейтсария дар як баёнияи расмӣ гуфт, мақомоти Амрико бар ин гумонанд, ки ин афроди боздоштшуда дар маҷмӯъ ба маблағи миллионҳо доллар пора додаанду гирифтаанд. Дар баёния омадааст, идораи додситонии ҳавзаи шарқии шаҳри Ню-Йорки Амрико мавридҳои порагирӣ ва порадиҳии ин 7 нафар аз авоили солҳои 90 то имрӯзро таҳқиқ мекунад.

XS
SM
MD
LG