Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати муҳоҷирон барои кор дар Самара


Ширкати бинокории «Усто» дар шаҳри Самараи Русия муҳоҷирони тоҷикро ба кор даъват мекунад. Дар ин бора раҳбари он Таваккал Убайдов дар дидор бо намояндаи эъзомии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия хабар дод. Вай гуфт, ширкати «Усто» паймонкори барномаҳои бузурги бинокорист ва қариб бо 10 ширкати дигари сохтмонӣ шартнома дорад. “Ҳоло дар ширкати мо зиёда аз 100 бинокор аз Тоҷикистон кор мекунад. Ҳамаи онҳо бо манзил таъмин буда, корашон қонунӣ ва муздашон корбаъй аст. Коргарон ба ҳисоби миёна моҳе 30 000 рубл мегиранд. Аммо бино бар васеъ шудани ҳаҷми кор ширкат мехоҳад, 20 хиштчини дигарро ба кор гирад. Дар мулоқоти намояндаи эъзомии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, ки ба вилояти Самара сафар кардааст, бинокорон аз Тоҷикистон гуфтаанд, ки аз шароити кор розиянд. Дар бораи ин мулоқот сухангӯӣ намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар додааст.

XS
SM
MD
LG