Пайвандҳои дастрасӣ

Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина фармонеро дар бораи стратегияи миллии кишвараш имзо кард. Самтҳои аслии сиёсати давлатии Украина дар бахши амнияти миллӣ барқарории тамомияти арзии ин кишвар, боло бурдани қудрати дифоии кишвар ва ҳамчунин расидан ба истиқлоли комил аз Русия дар масъалаи тавлиди аслиҳаву техникаи ҳарбӣ дониста шудааст.

Дар санад гуфта мешавад, ки зарурати эҷоди низоми нави амнияти миллӣ аз таҳдидҳои Русия ва баъзе тағирот дар дохили кишвар ва сиёсати хориҷӣ бармеояд.

Стратегияи миллии Украина пайвастани ин кишвар ба Иттиҳодияи Аврупо ва ба вуҷуд овардани шароит барои даромадан ба узвияти НАТО-ро дар назар дорад.

Пештар Порошенко узвият дар НАТО-ро стратегияи аслии Украина номида буд. Ин стратегия 6 маи соли ҷорӣ ба тасвиб расида буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG