Пайвандҳои дастрасӣ

Шакку гумонҳо дар бораи созишномаи ҳастаӣ бо Эрон


Ҷерард Арод

Ҷерард Арод

Ҷерард Арод-сафири Фаронса дар Амрико гуфтааст, ки эҳтимолан шаш қудрати ҷаҳонӣ то охири моҳи июн наметавонанд роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон ба созиши ниҳоӣ бирасанд.

Ҷерард Арод зимни суханонаш дар Шӯрои атлантикии коршиносон дар Нию Йорк гуфт, ба назар мерасад, ки дар панҷ ҳафтаи оянда дар ин бора тавофуқ ба даст нахоҳад омад.

Вай гуфт, бисёре аз масъалаҳои фаннӣ боқӣ хоҳад монд. Масъалаи калидӣ созиш миёни Амрико ва Русия дар бораи нигоҳ доштани таҳримҳои зидди Эрон аз ҷумлаи ин масъалаҳо ба шумор меравад, ки агар Эрон созишномаро иҷро накунад, таҳримҳо бояд боқӣ бимонад ё дубора ҷорӣ шавад.

Петер Питтиг-сафири Олмон дар Амрико гуфт, таҳримҳо то поёни соли ҷорӣ аз миён бардошта намешавад, ҳатто агар корҳо хуб пеш равад.

Эрон бо 6 қудрати ҷаҳонӣ Амрикову Русия, Чину Британия ва Фаронсаву Олмон дар бораи боздоштани барномаҳои ҳастаиаш бо ҳам музокира мекунад, то дар иваз таҳримҳои зидди Эрон аз миён бардошта шаванд.

XS
SM
MD
LG