Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми ҳабси 5 гумонбари узвият дар "Ансоруллоҳ"


Додгоҳи ноҳияи Ғафурови вилояти Суғд 5 шаҳрвандро бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯи "Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва “хабар надодан” аз фаъолиятҳои ҷиноӣ маҳкум ба зиндон кард.

Бозбинии ин парванда дар додгоҳи Ғафуров рӯзи гузашта таҳти қазовати додрас, Ҷалолидин Азизӣ анҷом ёфт. Ба гуфтаи манобеъ аз ин додгоҳ, Бахтиёр Яъқубов, сокини ноҳияи Конибодом, Абдураҳим Солиев ва Рустам Ғафуров сокинони ноҳияи Ғафуров мутобиқи 2 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон: 187 – “таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ” ва 307 – “ташкили иттиҳоди экстремистӣ” аз суи додгоҳ гунаҳкор дониста шуда, ба 9 солӣ зиндон мҳкум шуднд. Вале Равшан Солиев (бародари Абураҳим Солиев) ва Муҳидин Раҳимов сокинони ноҳияи Ғафуровро додгоҳ танҳо барои “хабар надодан”, тибқи банди 347 муҷрим шинохт ва ҷазои 1 солӣ ҳабс таъин кард.

Инҳо ҷавонони зери синни 30 буда, дар муҳоҷирати кории Русия ба созмони “Ҷамоати Ансоруллоҳ” шомил шудаанд. Додгоҳ ба далели он ки ҳукм ҳанӯз нерӯи қонунӣ нагирифтааст, аз ошкор кардни сирри парванда ва бозгӯи аъмоли ин афрод худдорӣ меварзанд. Вале додгоҳ мегӯяд, гунаҳкории ин афрод бо далелҳо ва баёноти шоҳидон ба исбот расид, дар ҳоле ки вакилони дифои онҳо мегӯянд, онҳо умдатан бо баёноти худиқрорӣ паси панҷара фиристода шуданд.

Файзинисо Воҳидова, вакили дифои ду нафар аз ин гурӯҳ, ки 1 солӣ зиндонӣ шуданд, гуфт, ин афрод рӯзи 1 январи соли равон аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир карда шуда, вале протоколи боздошт 3 январ таҳия карда шудааст. “Яъне, онҳоро ду шабонарӯз ғайриқонунӣ дар таҳхона нигаҳ дошта, бо зарбу лату фишор аз онҳо баёноти худиқрорӣ гиритаанд. Аз ин рӯ додгоҳ ҳамчунин таъиноти хусусӣ бароварда, ба додситонии ғафуров равон кард, дар мавриди андешидани чораҳо нисбат ба он кормнандони пулис, ки ин 5 нафарро ба таври ғайриқонунӣ дастгир кардаанд.”

Ба гуфтаи вай, зиндонишудагон тсмим гирифтаанд, ба зинаи болоии додгоҳӣ шикоят баранд.

Зиндонӣ шудани ин 5 нафар аз ҷониби додгоҳи Ғафуров дар ҳолест, ки ин додгоҳ бозбинии парвандаи дигаре алайҳи 13 сокини ин маҳалро давваи моҳи май шурӯъ карда, идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG