Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 корманди FIFA барои ришвахорӣ боздошт шуданд


Дафтари федеролии адлияи Шветсария мегӯяд, ки 6 корманди расмии федератсияи футбол ё FIFA бо дархости Амрико дар остонаи анҷумани Федератсияи байналмиллалии футбол дар Тсюрих боздошт шудаанд.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки пулис бомдоди 27 май дар яке аз меҳмонхонаҳои муҷаллали Тсюрих амалиёти боздоштро анҷом додааст. Дар изҳороте, ки Дафтари федеролии адлияи Шветсария нашр кардааст, гуфта мешавад, мақомоти Амрико ҳадс мезананд, ки ин 6 нафар миллионҳо доллар ришва гирифтаанд.

Дар изҳорот омадааст, ки додгоҳи яке аз ноҳияҳои шарқии Нию Йорк расидагӣ ба ин қазияро идома медиҳад ва ин афрод аз оғози солҳои 1990 то ҳол ришвахорӣ мекардаанд.

Бино ба гузоришҳо, ба ин иттиҳомот шустушӯи пул ва ришвахорӣ дохил мешавад.

Аъзои FIFA 29 май дар Тсюрих барои баргузор кардани ҷаласаи солонаи худ гирдиҳам меоянд. Дар ин ҷаласа Сепп Блаттер-раиси кунунии FIFA мехоҳад бори панҷум ба ин мақом интихоб шавад.

Номи боздоштшудагонро ифшо накардаанд ва FIFA гуфтааст, ки дар марҳилаи кунунӣ аз додани тавзеҳот худдорӣ мекунад ва мехоҳад вазъиятро рӯшан намояд.

XS
SM
MD
LG