Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кобул ба меҳмонсарое ҳамла карданд


Тамоми шаб дар меҳмонсарои қисмати дипломатии Кобул бо шӯришиёне, ки ба ин меҳмонсаро ҳамла карданд, даргирӣ идома дошт. Ин даргириҳо бо дамидани субҳи 27 май бо қатли 4 шӯришӣ ба поён расид.

Муҳаммад Аюб Солангӣ-муовини вазири корҳои дохилаи Афғонистон дар сафҳаи Twitter навиштааст, ки 4 шӯришӣ баъд аз чанд соати даргириҳо бо пулис бо вуҷуди бо худ доштани рокетандозу норинҷакҳо кушта шудаанд.

Вай гуфтааст, ки аз ҷониби нируҳои давлатӣ ва ё сокинон касе кушта нашудааст. Ба гуфтаи вай, ба эҳтимоли зиёд қабл аз вуруд ба меҳмонсаро пулис шӯришиёнро ба муҳосира даровардааст.

Мақомоти Афғонистон дар бораи ин меҳмонсаро маълумот надодаанд, вале ниҳодҳои амниятии Афғонистон ва ғарбӣ гуфтаанд, ки ин меҳмонсаро аз Раббонӣ будааст.

Ин меҳмонсаро бо номи Ҳитол Ҳотел низ шинохта мешавад ва соҳиби он Бурҳониддин Раббонӣ-раиси ҷумҳури пешин ва Салоҳуддин Раббонӣ-вазири корҳои хориҷаи Афғонистон аст.

XS
SM
MD
LG