Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳқиқи никоҳҳои хешутаборӣ дар Тоҷикистон


Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар пайи як пажӯҳиш маълум кардааст, ки никоҳҳои хешутаборӣ беш аз ҳама дар вилояти Суғди Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд.

Аз Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 27−уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд , шумори никоҳҳои хешутаборӣ ҳудуди 60 дарсадро ташкил медиҳад. Ин аст, ки дар навоҳии ин вилоят шумори кӯдакони маъюб, ки дар натиҷаи никоҳи хешутаборӣ ба дунё омадаанд зиёд будааст. Бинобар нишондоди Вазорати тандурустӣ дар ноҳияи Зафаробод 54 дарсад, Айнӣ 40 дарсад ва дар ноҳияи Шаҳристон 35 дарсади тифлони навзод аз ҳисоби никоҳи хешутаборӣ маъюб таваллуд шудаанд.

Ин пажӯҳиш маълум кардааст, ки бештари никоҳҳои хешутаборӣ дар навоҳии тобеи марказ ва аз ҳама камтар дар вилояти Хатлон рӯ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин минтақаҳо шумори никоҳҳои хешу таборӣ аз 15 то 28 дарсад мерасад. Аммо ин гуфта мешавад дар ин минтақаҳо низ шумораи никоҳои хешутаборӣ рӯ ба афзоиш дорад.

Ба иттилои ин вазорат дар Тоҷикистон ҳоло 26 ҳазору 43 нафар кӯдакони маъюби то 18-сола ба сар мебаранд, ки бинобар таҳлили мутахассисони соҳа дар 35 дарсади ҳолатҳо ин кӯдакон аз никоҳҳои хешу таборҳо ба дунё омаданд.

Андешаи манъи никоҳҳои хешу таборӣ нахуст аз аз сӯи собиқ вакили порлумон Саодат Амиршоева садо дода буд. Аммо он замон мақомот ба ин пешниҳод чандон вокуниш накардаанд.

Вале баъд аз он ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолааш ба порлумон аз саҳнаи дидааш дар мактаб –интернати кӯдакони маъюби Чорбоғ қисса карда гуфт, аксарияти онҳо аз никоҳҳои хешу таборӣ ба дунё омдаанд, мақомот ин масъаларо ҷиддӣ гирифтанд. Пас аз ин паёми раисҷумҳур ва интиқодаш аз никоҳҳои хешутаборӣ мақомот ва телевизиони давлатӣ як маъракаи иттилоотии зидди никоҳи хешутабориро пиёда карданд. Ҳамакнун як комиссияи вежаи ҳукуматӣ масъалаи қонунан манъ крадани никоҳи хешутабориро меомӯзад.

XS
SM
MD
LG