Пайвандҳои дастрасӣ

Э. Раҳмон: “Маводи мухаддир ва терроризм пайванди ҳамдигаранд”


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мушкилоти маводи мухаддирро бо фаъолияти гурӯҳҳои терористӣ тавъам донистааст.

Президенти Тоҷикистон гуфтааст, ки мушкилоти маводи мухаддир бо фаъолиятҳои гурӯҳҳои террористӣ тавъам мебошад. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ин матлабро дар паёме ба ширкатдорони ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд дар мавриди ҷилавгирӣ аз хатарҳои маводи мухаддир, ки имрӯз, чоршанбеи 27 май дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор кард, баён кардааст.

Дар ин паём, ки Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар ҳузури ширкатдорони ҳамоиш қироат кард, гуфта шудааст, ки “ҳеҷ кишваре дар танҳоӣ имкони мубориза алайҳи таҳдидҳои марбут ба маводи мухаддирро надорад ва ҷомеаи ҷаҳониро лозим аст, то иқдомоти худро дар муқобила бо қочоқи маводи мухаддир тавсиа бубахшад.”

Ба таъкиди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, мушкилоти маводи мухаддир пайвастагии зич ба фаъолияти гурӯҳҳои терористие, ки дар ҳоли ҳозир ба таври густарда ҳатто ҷавонони тоҷикро ба сафҳои худ ҷалб мекунанд, дорад.

Ин суханони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле садо дод, ки рӯзи гузашта раиси Хадамоти федеролии мубориза бар маводи мухаддири Русия гуфт, манбаи аслии таъминоти молии гурӯҳи террористии “Давлати Исломӣ” қочоқи ва фурӯши маводи мухаддир аст. Виктор Иванов, ин матлабро рӯзи сешанбеи 16 май зимни нишасти Шӯрои раҳбарони ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддири кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар шаҳри Душанбе баён кард.

Ҷаноби Иванов, Афғонистон ва Амрикои Ҷанубиро манбаи аслии тавлид ва қочоқи маводи мухаддир номид ва гуфт, маводи мухаддир ба кишварҳои Аврупо ҳоло на танҳо ба воситаи Балкан мерасад, балки аз тариқи Эрону Туркия, Ироқи ноором, Халиҷи Адан, минтақаи Соҳилии Африқо гузашта ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мерасад.

Зимнан, ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд дар маврид муқобала бо хатароти маводи мухаддир ба ибтикори Тоҷикистон ва бо ширкати раҳбарону намояндагони ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддири кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад. Ҳамоҳангсозии иқдомот ва талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза алайҳи хатароти маводи мухаддир дар меҳвари ин нишаст қарор дорад.

Ташаббус барои баргузории ин ҳамоиши байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе ҳанӯз 12 сентябри соли 2014 дар иҷлоси сарони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой аз сӯи Тоҷикистон эълон шуда буд. Тоҷикистон, ки дар тӯли 1400 километр бо Афғонистон, яке аз маконҳои аслии тавлиди маводи мухаддир ҳаммарз аст, кишуту тавлид ва қочоқи он ҳамеша маврид нигаронияш будааст.

XS
SM
MD
LG