Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози амалиёт барои пас гирифтани Анбор


Телевизиони давлатии Ироқ эълон кард, ки артиши кишвар амалиётеро барои озод кардани вилояти Анбор аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ шурӯъ кардааст. Маркази ин вилоят шаҳри Рамодиро тундравон аввали ҳамин моҳ ишғол карданд. Дар ин эълони телевизионӣ дар рӯзи 26-уми май гуфтанд, ки дар ин амалиёт, размандагони шиаву суннимазҳаб ба нерӯҳои ҳукуматӣ кӯмак мекунанд. Ба гуфтаи сухангӯи размандагони шиамазҳаб ҳадафи амалиёт дар шимолуғарби шаҳри Рамодӣ буридани роҳҳои иртиботии тундравон ва ҳам омодагӣ барои пас гирифтани шаҳр аст. Гурӯҳи Давлати исломӣ аввали соли 2014 қисматҳои бузурги вилояти Анборро ишғол кард ва ҳамин моҳ маркази он шаҳри Рамодиро низ ба тасарруфи худ даровард. Суқути Рамодӣ як шикасти бузурге барои нерӯҳои Ироқ ба ҳисоб меравад, ки бо кӯмаки ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои байналмилалӣ тайи соли гузашта дар ҷанг ба зидди гурӯҳи Давлати исломӣ ба пешрафт ноил шуданд.

XS
SM
MD
LG