Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 75 кило мухаддирот дар як мошини сабукрав


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар як амалиёт дар шаҳри Душанбе аз автомобили «Лексус RX-330” 75,3 килограм ҳашиш пайдо кардааст. Ҳангоми боздошт ин мошинро як сокини 41-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ идора мекардааст, ки қаблан барои убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон маҳкум шудааст. Кашфи зиёда аз 75 килограм маводи мухаддир дар ҳоле рӯй медиҳад, ки дар Душанбе нишасти байнулмилалии зидди гардиши ғайориқонунии маводи мухаддир ҷараён дорад.

XS
SM
MD
LG