Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кундуз 7 ҷангии тоҷик ва узбакро куштаанд


Дар пайи як ҳамла дар ноҳияи Имом Соҳиби вилояти Қундуз дар шимоли Афғонистон, 7 узви зоҳиран тоҷиктабор ва узбактабори гурӯҳҳои ифротӣ ба ҳалокат расидаанд. Сайид Сарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи пулиси Қундуз имрӯз, 26-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳафт тан дар ҳоле кушта шуданд, ки мехостанд ба низомиёни афғон ҳамла кунанд. Саид Сарвар Ҳусайнӣ мегӯяд, инҳо ба мардуми бумӣ шабоҳат надоранд ва тибқи иттилое, ки ба даст овардаанд, кушташудагон тоҷикони Тоҷикистон ва узбакони Узбакситонӣ ҳастанд.

-Ҳоло мо талош дорем, то пурра шахсияти онҳоро рӯшан кунем, аммо ин дақиқ шудааст, ки онҳо хориҷӣ ҳастанд, ки мехостанд, ба нерӯҳои пулис ҳамлаи ғофилгирона анҷом бидиҳанд,-гуфт, Саид Сарвар Ҳусайнӣ. Ин манбаъ инчунин афзуд, ки ҳоло нерӯҳои амниятии афғон дар Имом Соҳиб ба пешравиҳои ноил шудаанд ва аксар минтақаҳои ишғолиро аз гурӯҳи Толибон озод кардаанд.

Вилояти Қундузи Афғонистон бо вилояти Хатлони Тоҷикистон марзи муштарак дорад ва тайи моҳҳои ахир шоҳиди нооромиҳо будааст. Тибқи иттилои масъулони маҳаллӣ дар Қундуз, манотиқи зиёде аз ин вилоят зери контроли Толибон ва дигар нерӯҳои мухолифи ҳукумати Афғонистон қарор доранд.

XS
SM
MD
LG