Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми зиндон ва раҳоии як ронандаи тоҷик


Додгоҳи ноҳияи Дзержинскийи вилояти Калугаи Русия як шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистонро бо ҷурми даст доштан дар як садамаи маргбори моҳи ноябр бар асоси қисми 3-юми моддаи 264-уми Кодексаи ҷиноии Русия (вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат, ки боиси ҳалокат ва расонидани осеб ба саломатии инсон шудааст) ба 3 соли зиндон маҳкум кард. Ин ронандаи тоҷик, ки исмаш оварда нашудааст, ҳамчунин барои 3 сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум карда шуд. Вале ҳайъати мушовараи додгоҳи вилоятӣ ӯро бар асоси Қонуни афв ба муносиби 70-солагии ғалаба бар Олмони фашистӣ озод кардааст.

Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи додситонии вилояти Калуга, ин ронандаи тоҷик моҳи ноябр дар километри 225-уми шоҳроҳи Маскав –Рославл бо мошини боркашаш дар шароити барфбориш ба самти муқобили роҳ баромада, ба як микроавтобус бархӯрдааст. Дар натиҷа як зани мусофир дар ҷои ҳодиса ҳалок ва ронандаи микроавтобус сахт захмӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG