Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як зани мисрӣ барои рақси "ношоиста"


Мақомоти Миср Ридо ал-Фулӣ як занеро, ки дар видеои ҷанҷолбарангез ва пурбинанда дар Интернет рақс кардааст, боздошт кардаанд ва барои муҳокима ба додгоҳи маъмурӣ супурдаанд. Ридо ал-Фулӣ акнун ба “тарғиби фисқ” муттаҳам мешавад. Дар видеои “Дастҳо боло”, Ридо ал-Фулӣ нимбараҳна ва бо як писар рақс мекунад. Аҳмад Баклӣ додситони минтақаи Гизаи Қоҳира бо нашри як баёния гуфт, ки ин видео “ахлоқи ҷомеаро вайрон кардааст.” Ӯ ҳамчунин амр додааст, ки Воил ал-Сидиқӣ дӯстписари Ридо ал-Фулӣ боздошт шавад. Аммо ин ҷавон баъди баҳсу моҷаро дар бораи видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ Мисрро тарк карда ба Тунис рафтааст.

XS
SM
MD
LG