Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон ду афсари пулиси афғонро куштанд


Бомбгузорони маргталаб аз гурӯҳи Толибон рӯзи 26-уми май бо ҳамла ба як додгоҳи вилояти Вардаки Афғонистон ду афсари пулисро куштанд. Халил Андаробӣ, сардори пулиси вилоят гуфт, ба яке аз бомбгузорон муяссар шудааст, ки дар назди дарвозаи аввали додгоҳ худро тарконад, вале маргталабони дигарро то ба дарвозаи дуввум нарасида, посбонҳои додгоҳ куштаанд.” Рӯзи 25-уми май як маргаталабе мошини бомбгузоришудаашро дар шаҳри Қалот, маркази вилояти Зобул тарконд ва 5 нафарро кушт.

XS
SM
MD
LG