Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Размоиши бузурге дар Русия оғоз ёфт


Нерӯҳои ҳавоии Русия ба як тамрини бузурги низомӣ шурӯъ карданд, ки бо ширкати садҳо ҳавопаймо ва ҳазорон сарбоз сурат мегирад. Вазорати дифои Русия рӯзи 25-уми май бо нашри як баёния гуфт, ки размоиши чаҳоррӯза як “тафтиши ногаҳонии” омодагии ҷангии нерӯҳои ҳавоӣ аст. Машқҳо бо ҳузури 12 ҳазор сарбоз ва истифодаи 250 ҳавопаймо ва чархбол ва 689 силоҳу муҳимоти дигари ҷангӣ сурат мегиранд. Размоишҳо дар Русия ҳамзамон бо машқҳои низомии кишварҳои узви НАТО ва шарикони он дар Арктика шурӯъ шуд. Нақши Русия дар ҷанги Украина ва вуруди ҳавопаймоҳои он ба қаламрави ҳавоии кишварҳои ғарбӣ сабаби авҷ гирифтани танишҳо миёни Русия ва Ғарб шудааст. Ба гуфтаи сухангӯи артиши Русия, дар ҷараёни машқҳо, ҳавопаймоҳои ҷангӣ, мушакҳои дурпарвозро ба ҳадафи фарзие дар яке аз минтақаҳои Ҷумҳурии Комӣ партоб хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG