Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози муҳокимаи хабарнигори амрикоӣ


Ҷейсон Ризоиён, дар яке аз нишастҳои хабарии вазорати умури хориҷии Эрон
Ҷейсон Ризоиён, дар яке аз нишастҳои хабарии вазорати умури хориҷии Эрон

Муҳокимаи додгоҳии Ҷейсон Ризоиён, хабарнигори рӯзномаи “Вашингтон Пост”, ки дар Эрон зиндонӣ аст, рӯзи 26 –уми май дар Теҳрон ва паси дарҳои баста оғоз ёфт. Ҷейсон Ризоиён, ки шаҳрвандии Эрону Амрикоро дорад, ба ҷосусӣ муттаҳам мешавад ва дар Додгоҳи инқилобии Эрон танҳо бо вакили дифоаш аст. Иттиҳомот алайҳи ӯ маълум нест. Бародараш Алӣ Ризоиён рӯзи 25-уми май ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, ки мақомот ба хонаводаашон хабар додаанд, ки ба муҳокима роҳ дода намешаванд. “Вашингтон Пост” дар шумораи рӯзи 25-уми май навишт, ки “муҳокима ба рӯи ҷаҳон баста” хоҳад буд ва боздошти беасоси хабарнигорашро маҳкум кард. Раиси дафтари “Вашингтон Пост” дар Теҳрон баъди боздошташ дар моҳи июл дар зиндони бадноми Эвин нигаҳ дошта мешавад ва бино ба гузоришҳо 18 кило лоғар шудааст. Ҷейсон Ризоиёнро ҳамроҳи занаш дар Теҳрон дастгир карданд. Ҳамсари ӯ дар ивази васиқа озод шуд ва қарор аст, муҳокимааш алоҳида сурат гирад. “Вашингтон Пост” мегӯяд, Ҷейсон Ризоиёнро ба он муттаҳам мекунанд, ки гӯё дар бораи сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии Эрон маълумот ҷамъ карда ва ба “ҳукуматҳои душман” додааст.

XS
SM
MD
LG