Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ситоиши Ҷо Байден аз "фидокории нерӯҳои ироқӣ"


Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико.

Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико.

Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 25-уми май дар сӯҳбати телефоние бо Ҳайдар ал-Ибодӣ, нахуствазири Ироқ, “фидокории азим ва далерии нерӯҳои ироқӣ” сутуда ва дигарбора ба ҳимояти Иёлоти Муттаҳида аз ӯ таъкид кардааст. Ҷо Байден як рӯз баъд аз он нахуствазири Ироқ занг зад, ки Эш Картер, вазири дифои Амрико, рӯзи 24-уми май нерӯҳои ироқиро барои аз даст додани шаҳри Рамодӣ танқид кард ва нахуствазири Ироқро асабонӣ кард. Эш Картер рӯзи 24-уми май дар мусоҳиба бо телевизиони Си Эн Эн ва дар бораи ишғоли шаҳри Рамодӣ аз тарафи ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ гуфт, ки “Нерӯҳои ироқӣ ҳеҷ майле барои ҷанг” нишон надоданд. Ба гуфтаи Эш Картер, ҳарчанд теъдоди сарбозони ироқӣ дар муқоиса ба ҷангҷӯён бисёр зиёд буд, аммо онҳо аз шаҳр берун шуданд. Ҳайдар ал-Ибодӣ, дар мусоҳиба бо телевизиони Би Би Си, гуфтаҳои Эш Картерро “ҳайратовар” хонд ва гуфт, ки бардошти вазири дифои Амрико бар асоси “иттилооти нодуруст” аст. Ин дар ҳолест, ки нерӯҳои ироқӣ дар ҳамлаи ҷавобӣ ба гурӯҳи Давлати исломӣ чанд шаҳреро дар роҳ ба сӯи Рамодӣ ишғол карданд. Сухангӯи нахуствазири Ироқ ҳам дар шарҳи баёнияи Эш Картер гуфтааст, ки “шумо наметавонед, бар асоси як ҳодиса тамоми артишро баҳо бидиҳед.”

XS
SM
MD
LG