Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи 75 кило ҳашиш аз мошини "Лексус"


Дар пайи амалиёти кормандони интизомии шаҳри Душанбе аз худраве беш аз 75 кило ҳашиш кашфу мусодира гардидааст. Масъулони дафтари матбуоти раёсати умури дохилии Душанбе мегӯянд, кормандони ин ниҳод 25 май ҳангоми амалиёти фаврӣ - ҷустуҷӯӣ худрави тамғаи “Лексус RX – 330”, таҳти идораи сокини 41-солаи ноҳияи Ҳамадонӣро боздошт кардаанд, ки аз боғочаш 75 килову 290 грамм маводи мухаддири навъи ҳашиш пайдо шудааст. Ба иттилои манбаъ, ин мард қаблан бо моддаи 335-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон зиндонӣ шудааст. Ҳоло нисбат ба ин ҳодиса парванда боз шуда ва таҳқиқ идома дорад.

XS
SM
MD
LG