Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо амниятиҳои ИДМ


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 26 май бо роҳбарони сохторҳои амният ва хадамоти махсуси кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ё СНГ дар Душанбе сӯҳбат кард. Ба иттилои дафтари матбуоти президент, дар ин мулоқот вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон, роҳҳои тақвият додани муборизаи муштарак бо хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳо баррасӣ шудааст. Гуфта шудааст, барои таъмини субот дар минтақа бояд тамоми чораҳои муассири пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир ва роҳҳои амалӣ кардани ин тадбирҳо андешида шаванд.

XS
SM
MD
LG