Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров - соҳиби аввалин роҳхат ба Олимпиадаи 2016


Дилшод Назаров
Дилшод Назаров

​Дилшод Назаров, гурзпартои маъруфи тоҷик аз миёни варзишгарони кишвар аввалин шуда, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид.

Дилшод Назаров аз миёни варзишгарони тоҷик нахустин шуда соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид.

Ӯ дар мусобиқаи анъанавии ҷаҳонии силсилаи Гран-При "Оstrava golden spike" оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79,36 метр мақоми дувумро касб кард. Ин натиҷа ба ӯ имкон медиҳад, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки рӯзҳои 22-30 августи соли равон дар Пекин (Чин) баргузор мешавад ва дар Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) ширкат варзад.

Дар мусобиқаи ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Чех Павел Файдек аз Лаҳистон бо натиҷаи 80,75 метр ғолиб шуд. Кристиан Парс аз Маҷористон бо натиҷаи 77,71 метр мақоми севумро касб кард.

Дилшод Назаров дар ҳамин ҳол ба мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки рӯзҳои 3-7 июн дар шаҳри Ухани Чин баргузор мешавад, омодагӣ мебинад. Бояд гуфт, Олимпиадаи соли 2016 барои Дилшод Назаров чаҳорумин Бозиҳои олимпӣ хоҳад шуд.

Вай аввалин бор соли 2004 дар Бозиҳои олимпии Афина (Юнон) ширкат кардааст. Ӯ дар Олимпиадаи соли 2008 дар Пекин ҷойи 11-ум ва дар Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон ҷойи 10-умро гирифта буд. Дилшод қаҳрамони дукаратаи Осиё (солҳои 2009 ва 2013) мебошад. Ӯ соли 2013 дар чемпионати ҷаҳон дар Маскави Русия панҷум шудааст.

Дилшод Назаров моҳи январи соли 2014 муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон таъин шудааст. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон мебошад.

Дилшод Назаров: "Барои соли 2015 нақшаҳои бузург дорам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Ҳолномаи Дилшод Назаров:

Дилшод Назаров 6-уми майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад. Соли 2003 дар Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ дар Душанбе дар риштаи гурзандозӣ ғолиб шуда, ҳамон сол дар Бозиҳои Африқоиву Осиёӣ дар Ҳиндустон барандаи медали нуқра гаштааст. Соли 2005 ӯ дар аввалин Бозиҳои кишварҳои исломӣ дар Арабистони Саудӣ медали тилло ба даст овардааст. Баъдан Дилшод дар чемпионатҳои Осиё дар Кореяи Ҷанубӣ ва Урдун ҷойҳои дувумро касб кардааст. Вай қаҳрамони дукаратаи Осиё - соли 2009 дар Чин ва соли 2013 дар Ҳиндустон мебошад. Ӯ, ҳамчунин, ғолиби секаратаи Бозиҳои Осиёӣ (соли 2006 дар Қатар, соли 2010 дар Чин ва соли 2014 дар Кореяи ҷанубӣ), ғолиб ва ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалист. Дилшод Назаров дар Бозиҳои олимпии соли2004 дар Афина, соли 2008 дар Пекин ва соли 2012 дар Лондон ширкат кардааст. Рекорди инфиродиаш дар гурзандозӣ 80 метру 31 сантиметр мебошад.

XS
SM
MD
LG