Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як мақоми расмии Афғонистон мегӯяд, дар таркиши мошини борбаре дар маркази вилояти Зобул 5 нафар кушта, бештар аз 62 нафари дигар захмӣ шудаанд. Мирвайс Нурзай-раиси пулиси Зобул гуфт, ин ҳамла дар дами дарвозаи вурудии бинои шӯрои вилоятӣ рух додааст.

Ба гуфтаи Нурзай, ҳамлакунанда маволи таркандаеро, ки дар мошин гузошта шуда буд, таркондааст. Толибон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтаанд.

Моҳҳои охир шӯришиён дар вилояти Зобул, ки бо Покистон ҳаммарз аст,фаъолиятҳои тахрибкоронаи худро бештар кардаанд. Дар ин вилоят ҳамчунин чанд нафар аз табори ҳазораро рабудаанд.

XS
SM
MD
LG