Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чопи китоби Муаттара, ки дар зиндон навиштааст


Дар матбааи "Андалеб" китоби "Муҳаббати гумгашта"-и гӯяндаи собиқи телевизиони Тоҷикистон Муаттара Ҷӯраева чоп шудааст. "Муҳаббати гумгашта" аз 212 саҳифа иборат буда, қиссаи ишқи ду ҷавонест, ки дар солҳои ҷанг ҳамдигарро гум карда, пас аз саргардониҳои зиёде ба дидори ҳам мерасанд.

Муаллифи китоб Муаттара Ҷӯраева моҳи октябри соли 2014 аз сӯи маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасод бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир шуда, рӯзи 17 март ба 9 соли зиндон маҳкум шуд. Ба нақли модараш Олиябону Ҷӯраева, Муаттара “Муҳаббати гумгашта”-ашро дар зиндон иншо кардааст.

Муаттара Ҷӯраева дар гузашта аз гӯяндагони маъруфи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон буд ва дар интихоботи парлумонии соли 2005 аз ҳавзаи Ашт номзад шуда вале ноком гашт. Ӯ баъди тарки кори телевизион тиҷорат мекард ва гуфта мешавад, аз мардум барои сохтани як тарабхона пул гирифта, сари вақт баргардонда натавонистааст.

XS
SM
MD
LG