Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Убури марз дар ... зери бистар


Марзи Бодканд. Акс аз бойгонӣ

Марзи Бодканд. Акс аз бойгонӣ

Марзбонони Қирғизистон рӯзи 25 май дар марзи вилояти Бодканд бо вилояти Суғди Тоҷикистон як шаҳрванди тоҷикро бо иттиҳоми қасди убури ғайриқонуии марз дастгир кардаанд. Гуфта мешавад, замони эътибори шиносномаи ин нафар тамом шуда буд ва ӯ ба ин далел ҳангоми тафтиши мошини «Honda Odyssey» худро дар курсии қафо зери бистар пинҳон кардааст. Ба гуфтаи марзбонҳои қирғиз, дар убури марз ба ӯ ронандаи такси, ки шаҳрванди Қирғизистон аст, кумак мекард. Марзшикан дар иваз ба ронанда ваъдаи пул додааст. Марзбонони қирғиз ҳарду - ҳам мусофир ва ҳам ронандаро дастгир карда, ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон супурдаанд.

XS
SM
MD
LG