Пайвандҳои дастрасӣ

Дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишини Русия бо номҳои “Гранат” ва “Застава” бори аввал дар кӯҳистонҳои Помири Тоҷикистон аз санҷиш гузаштаанд. Ин бесарнишинҳо дар баландии 3,5 километр аз сатҳи баҳр дар шароити 50 дараҷаи болои сифр ё гармӣ “кор” кардаанд.

Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳавзаи марказии низомии Русия дар Екатеринбург хабар додааст. Воҳидҳои низомии пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон дар ин санҷишҳо ширкат доштанд.

Онҳо аз Қурғонтеппа то ноҳияи Дарвоз 300 километр раҳпаймоӣ кардаанд ва ин дастгоҳҳои бесарнишинро санҷидаанд. Ҳамзамон роҳҳои ҳамкории воҳидҳои низомии вазорати дифои Тоҷикистон бо воҳидҳои пойгоҳи низомии Русия бо кӯмаки ин бесарнишинҳо ҳамоҳанг карда шуд.

XS
SM
MD
LG