Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири пешини Исроил 8 моҳ зиндонӣ шуд


Эҳуд Олмерт
Эҳуд Олмерт

25 май Эҳуд Олмерт-нахуствазири пешини Исроил 8 моҳ маҳкум ба зиндон шуд. Вайро барои ришвахорӣ муттаҳам эълон карданд. Олмерт аз соли 2006 то 2009 нухуствазир буд ва дар аввали соли 2009 ба иттиҳоми ришвахорӣ аз мақомаш истеъфо дод.

Вакили мудофеи вай мегӯяд, ки бар зидди ин ҳукми додгоҳ шикоят хоҳанд бурд. Олмерт 69 сол дорад ва ба вай 6 соли зиндон таҳдид мекунад. Ҳукми кунунӣ танҳо барои як мавриди ришвахорӣ содир шудааст. Олмерт пофишорӣ мекунад, ки бегуноҳ аст ва ин иттиҳомотро бераҳмонаву беасос медонад.

Олмерт дар оғоз бегуноҳ эълон шуда буд, вақте ки дар соли 2012 мӯҳлати зиндонро бо 19 ҳазор доллар ҷарима иваз карданд. Вале дар ҷараёни расидагиҳо далелҳои дигари ришвахорӣ ошкор шуд ва додситонӣ бори дигар бар зидди вай иттиҳомоти нав эълон кард.

XS
SM
MD
LG