Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ «Хайр»-и Ваҳдатро бо ҳисоби бузурги 3-0 шикаст дод.

Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар даври ҳафтуми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон дар майдони худ «Хайр»-и Ваҳдатро бо ҳисоби бузурги 3-0 шикаст дод. Голҳоро Бахтиёр Чориев дар нимаи аввали бозӣ, Иброҳим Рабимов ва Фарҳод Тоҳиров дар нимаи дувум заданд. Баъди ин ғалаба “Хуҷанд” дар ҷадвали мусобиқа ба ҷойи дувум баромад.

Ёдовар мешавем, се бозии даври ҳафтуми сабқати лигаи олии Тоҷикистон шоми шанбеи 23 май натиҷагирӣ шуд. «Равшан»-и Кӯлоб дар меҳмонӣ бар ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 3-2 ғалаба кард. Қисми аввали бозӣ ба фоидаи футболбозони “Равшан” бо ҳисоби 2-0 хотима ёфт. Голҳоро Наврӯз Рустамов ва Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронӣ, ба самар расонданд. Голи севуми меҳмононро Ҳусейни Сӯҳробӣ дар оғози нимаи дувум зад. Баъдан ду бор Давронҷон Тухтасунов (голи дувумаш аз пеналтӣ), ҳамлагари мизбонон, тӯбро ба дарвозаи “Равшан” ворид кард. Зимнан, ин ғалабаи севуми “Равшан” ба шумор меравад. Се имтиёз ба кӯлобиҳо имкон дод, ки дар ҷадвали мусобиқа як зина боло шаванд (ҷойи 5-ум).

«Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ аз «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан бо ҳисоби 0-1 шикаст хӯрд. Тӯбро Шероз Абдуллоев, бозигари “Парвоз”, ба дарвозаи дастааш задааст. Дарвоқеъ, “Парвоз” ягона дастаест, ки ҳамаи 7 бозии имсоларо бохтааст ва то ҳоло ягон гол назадааст. Истаравшаниҳо бошанд, баъди ин пирӯзӣ дар ҷалвал як зина боло шуданд (ҷойи 6-ум).

Бозӣ байни дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа – “Барқи тоҷик”-и Душанбе бо ҳисоби 0-0 хотима ёфт. Мавқеи ҳарду даста дар ҷадвали мусобиқа тағйир наёфт.

Ба иттилои Лигаи миллии футболи Тоҷикистон бозии даври ҳафтум байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бинобар омодагии қаҳрамони Тоҷикистон ба бозии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми AFC бо тими “Ал-Ваҳда”-и Сурия (26 май дар Душанбе), аз 24 май ба рӯзи ҷумъаи 29 май гузаронида шудааст.

Дар ҳамин ҳол “Истиқлол”, ки дар ҳамаи шаш бозӣ ғалаба кардааст, бо 18 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар ҷойи аввал қарор дорад. “Хуҷанд” бо 14 имтиёз дар ҷойи дувум ва “Хайр” бо 13 имтиёз дар ҷойи севум мебошанд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 7-ум

«ПАРВОЗ» — «ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» — 0:1

Гол: Шероз Абдуллоев, 78 – ба дарвозаи худ.

ССКА «ПОМИР» — «РАВШАН» — 2:3

Голҳо: Наврӯз Рустамов, 14 (0:1). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 43 (0:2). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 50 (0:3). Давронҷон Тухтасунов, 60 (1:3). Давронҷон Тухтасунов, 69 – аз пеналтӣ (2:3).

«ВАХШ» — «БАРҚИ ТОҶИК» — 0:0

«ХУҶАНД» — «ХАЙР» - 3-0

Голҳо: Бахтиёр Чориев, 21 (1:0). Иброҳим Рабимов, 57 (2:0). Фарҳод Тоҳиров, 90+2 (3:0).

29 май (ҷумъа)

Оғози бозӣсоати 17:00

«ИСТИҚЛОЛ» — «РЕГАР-ТАДАЗ»

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

6

6

0

0

27-2

18

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

7

4

2

1

12-5

14

3

«Хайр» (Ваҳдат)

7

4

1

2

12-11

13

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

6

3

3

0

11-6

12

5

«Равшан» (Кӯлоб)

7

3

1

3

10-15

10

6

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

6

2

2

2

7-5

8

7

ССКА «Помир» (Душанбе)

7

2

1

4

5-11

7

8

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

7

1

3

3

2-7

6

9

«Барқи тоҷик» (Душанбе)

6

1

1

4

3-11

4

10

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

7

0

0

7

0-16

0

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 5 тӯб, Дилшод Восиев («Истиқлол»), Ҳусейни Сӯҳробӣ («Равшан») – 4-тӯбӣ, Наполеон Андох («Хайр»), Ҳасан Рустамов («Хуҷанд»), Комил Саидов, Комрон Турсунов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Бледа Родригес («Истиқлол»), Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир») – 3-тӯбӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG