Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлили рӯзи ҷавонони тоҷик дар Маскав


Рӯзи 23-уми май дар шаҳри Маскав садҳо нафар аз донишҷӯёни тоҷик ҷамъ омаданд ва рӯзи ҷавононро таҷлил карданд. Дар чорабинии ҷашнӣ, ки дар толори Донишгоҳи давлатии геологии Русия сурат гирифт, донишҷӯёни тоҷик аз донишгоҳҳои мухталифи ин кишвар ширкат карданд. Нуралӣ Қурбонов, декани факултаи муносиботи байналмилалии донишгоҳи мазкур, ҷавонони тоҷикро ба муносибати ҷашнашон табрик гуфт ва аз онҳо хост, ҳарчӣ бештар дониш андӯзанд ва «Тоҷикистонро бисозанд.» Муҳаммади Эгамзод, намояндаи сафорати Тоҷикистон дар ин чорабинӣ ҳузур дошт ва донишҷӯёнро табрик гуфт. Дар поёни чорабинӣ худи донишҷӯёни тоҷик барномаи консертие намоиш доданд. Дар Тоҷикистон ҳар сол 23-уми майро ба унвони рӯзи ҷавонон таҷлил мекунанд.

XS
SM
MD
LG