Пайвандҳои дастрасӣ

Наздикони Алидод ва бародарон -- Саидқадаму Худойбердӣ мегӯянд, ки ҳарчанд ҳашт ҳашт рӯз боз ҷустуҷӯи ҷасади онҳо дар дарёи Панҷ ва атрофи он идома дорад, аммо ҳанӯз ба натиҷае нарасидаанд.

Ҷустуҷӯи ҷасади Алидод Ниҳолов ва бародарон - Саидқадам ва Худойбердӣ Худойбердиевҳо, сокинони Рӯшони Бадахшон, ки ҳафтаи гузашта дар мавзеи "Новак"-и ноҳияи Дарвоз бо мошин ба дарёи Панҷ сарозер шуда буданд, ба таври шабонарӯзӣ идома доштааст. Наздикони онҳо рӯзи 24 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, сокинони маҳаллӣ низ барои пайдо кардани ҷасадҳо кумак мекунанд, аммо бо ин вуҷуд ба натиҷае нарасидаанд.

Шаби 15 ба 16 майи соли ҷорӣ дар пайи ба дарёи Панҷ сарозер шудани мошини тамғаи "Нисан-Патрол" се узви як хонавода, ки аз Душанбе ба Рӯшон барои азогирӣ дар марги модар ва модаркалони худ мерафтанд, ҳамроҳ бо ронандаи мошин ҳалок шудаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, воқеа дар километри 369-уми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ рух додааст. Бар асоси иттилои расмӣ, мошинро Алидод Ниҳолови 29-сола идора мекардааст ва онҳо баъд аз афтодани санги калон ба қисми болои худрав ба дарёи "Панҷ" ғарқ шудаанд.

Мошин аз дарё берун оварда шуда, аз дохили он ҷасади Нилуфар Эмомназароваи 23-сола, ҷияни Саидқадам ва Худоёбердӣ Худойбердиевҳо пайдо гардидааст. Ӯ донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон будааст. Яке аз наздикони Худойбердиевҳо гуфт, ки онҳо барои азогирӣ дар марги модари худ ба Рӯшон мерафтанд.

Саидқадам Худойбердиев дар ҳоспитали низомӣ дар Душанбе фаъолият дошта, чанд моҳ пештар барои кор ба Хуҷанд рафта будааст. "Баробари шунидани хабари марги модар ӯ аз Хуҷанд ва Худойбердӣ аз Маскав ба Душанбе расида омаданд ва онҳо ҳамроҳи Нилуфар мошин киро карда, ба Рӯшон мерафтанд,"-- афзуд мусоҳиби мо.

Ҳар сол дар роҳҳое, ки маркази Тоҷикистонро бо Бадахшону Суғд пайванд медиҳанд, даҳҳо садама рух дода, баъзе мошинҳо ба дарё сарозер мешаванд. Соли гузашта дар ҳамин шабу рӯз мошини устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Абдуқаҳҳор Турсунов, Абдулҳақ Обев ва Облоқул Сангинов ба дарёи Варзоб афтода, ҷасади ду нафари онҳо зудтар ва ҷасади Абдуқаҳҳор Турсунов танҳо баъд аз чиҳил рӯз пайдо гардид.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шарҳи ҳодиса гуфта буд, ин се нафар ҳамроҳ бо Кашуба Владимир, ноиби раиси Донишгоҳи техникии Братски Русия, дар мошинаи "ГАЗ-3102", ки Умед Бақоев идора мекард, дар километри 47-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд, ба садама дучор мешаванд. Ба қавли манбаъ, мошин ба дарёи Варзоб чаппа шуда, се устоди Донишгоҳи техникӣ ҳалок ва ду нафари дигар аз мусофирон - Умед Бақоев ва Кашуба Владимир - ҷон ба саломат бурдаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG