Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон дар Ҳилманд 10 маъмури пулисро куштанд


Дар силсилаи ҳамлаҳои Толибон ба вилояти Ҳилманд дар Афғонистон 10 маъмури пулис кушта шудаанд ва 16 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Муҳаммад Исмоил Ҳутакӣ, раиси Дафтари муштараки ҳамоҳангсози вилоят рӯзи 24-уми май гуфт, ки Толибон се посгоҳи маъмурони пулисро дар ноҳияи Сангин тасарруф кардаанд ва ҳамлаҳояшон идома дорад. Аммо Ҳоҷӣ Борӣ, муовини сардори пулиси вилоят гуфт, ҷасадҳои 13 маъмури пулисро пайдо кардаанд. Толибон пайваста маъмурони пулис дар вилояти ҷанубӣ ва ноороми Ҳилмандро ҳадаф гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG