Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарояндаи Шветсия дар "Евровижн" пирӯз шуд


Марк Зелмерлов, сарояндаи Шветсия, дар озмуни байналмилалии “Евровижн” дар Австрия, аз рақибони асосиаш овозхонҳои Русия ва Итолиё гузашт ва пирӯз шуд. Зелмерлови 28-сола, сароянда ва барандаи телевизионӣ, бо таронаи “Қаҳрамонҳо” раъйи аз ҳама бештарро ба даст овард. Полина Гагарина, овозхони Русия, ки аз ғолибони эҳтимолии Евровижн ба ҳисоб мерафт, аз сарояндаи швед раъйи камтар ва ҷойи дуввумро гирифт. Таронаи ӯ бо номи “Садои миллионҳо” дар Русия сабаби баҳсу даъво шуд, зеро дар матни тарона, ки мегӯяд, мардуми ҷаҳон ҳарчанд гуногунанд, вале яксон ҳастанд, мухолифат ба қонуни зидди ҳамҷинсгароён дар Русияро дидаанд. Усқуфи аъзами Русия Кирилл пеш аз озмун гуфта буд, умедвор аст, Полина Гагарина дар "Евровижн" шикаст мехӯрад. Шветсия дар "Евровижн" соли 2012 ҳам пирӯз шудааст ва шаш маротиба аст, ки дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ғолиб меояд. Таронаи Зелмерлов бо илҳом аз рафтори писаре навишта шудааст, ки дар овони хурдӣ ба ӯ кӯмак кардааст, дӯст пайдо намояд.

XS
SM
MD
LG