Пайвандҳои дастрасӣ

Дар пайи тармафароӣ дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон панҷ хона зери хок монда, шаш нафар ҳалок ва 24 тан маҷрӯҳ шудаанд. Ин ҳодиса шаби 23 ба 24 май рух дода ва мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ки ҷустуҷӯи ҷасади ду нафари дигар идома дорад. Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, ба оилаи қурбониёни тарма изҳори ҳамдардӣ карда, ба ҳар кадоме аз онҳо 100 ҳазор сомӣ, муодили тақрибан ду ҳазор долларӣ, кумак кардааст.

XS
SM
MD
LG