Пайвандҳои дастрасӣ

Фармондеҳи "Шабаҳ"-ро дар Украина куштанд


Алексей Мозговой, акс аз моҳи августи соли 2014

Алексей Мозговой, акс аз моҳи августи соли 2014

Бино ба гузоришҳо, Алексей Мозговой, яке аз пешвоёни бонуфузи ҷудоиталабони тарафдори Русияро бо шаш ҳамроҳаш дар шарқи Украина куштаанд. Намояндагони мақомоти маҳаллӣ дар шаҳри Луҳански Украина, ки дар дасти ҷудоиталабон аст, рӯзи 23-уми май хабар доданд, гурӯҳи номаълум мошини Алексей Мозговой фармондеҳи баталиёни “Шабаҳ”-ро ҳадаф гирифтааст. Мошини онҳоро аввал тарконидаанд ва сипас тирборон кардаанд. Сергей Горенко, сухангӯи ҷудоиталабон гуфт, шояд қатли Мозговой кори дасти “гурӯҳҳои табаҳкор” бошад, вале ҷузъиёти дигаре надод. Ҳодисаи мазкур дар наздикии шаҳри Алчевски зери назорати шӯришиён ва 30 километр дуртар аз ҷабҳаи ҷанг рух додааст. Ба зидди Алексей Мозговой, ки аз фармондеҳони сарсахт ба ҳисоб мерафт, чанд дафъа сӯиқасд сурат гирифта буд.

XS
SM
MD
LG