Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Медали биринҷии паҳлавони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо


​Ардашер Исмоилов, паҳлавони тоҷик, дар марҳалаи Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Владивостоки Русия медали биринҷӣ ба даст овард.

Дар мусобиқаи байналмилалии “Ёдбуди Юрий Потапов”, ки яке аз марҳалаҳои Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад, Ардашер Исмоилов, паҳлавони тоҷик, мақоми севумро касб кард.

Ин мусобиқа, ки рӯзи шанбеи 23 май дар маҷмааи варзишии “Олимпиетс”-и шаҳри Владивостоки Русия шурӯъ шуд, имрӯз, 24 май, ба анҷом мерасад. Дар ин мусобиқа 150 варзишгар аз 15 кишвар – Белорус, Булғористон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Қазоқистон, Қирғизистон, Кореяи ҷанубӣ, Озарбойҷон, Олмон, Русия, Тоҷикистон, Чин ва дигар кишварҳо ширкат дорад.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз Владивосток Маҳмуди Абдулло, сардовари ин мусобиқа, ки аз Тоҷикистон аст, хабар дод. Вай афзуд, “Юрий Потапов, ки солҳои 90-уми асри гузашта ба Федератсияи самбо ва дзюдои кишвари Приморйе раҳбарӣ мекард, дар рушди ин намудҳои варзиш дар Русия саҳми арзанда гузоштааст. Мусобиқаи байналмилалӣ, ки ҳамзамон яке аз марҳалаҳои Ҷоми ҷаҳонии самбо мебошад, ҳар сол дар ҳамин айём барои гиромидошти хотираи Юрий Потапов барпо мегардад. Мусобиқа байни мардону занон дар9 вазн сурат гирифтааст. Дар рӯзи аввали мусобиқа – 23 май – ғолибон дар 5 вазн ҳам байни мардон ва ҳам миёни занон муайян шуданд. Имрӯз, 24 май, мусобиқа дар чаҳор вазни боқимонда баргузор мешавад”.

Ба иттилои ҷаноби Абдулло паҳлавони тоҷик Ардашер Исмоилов, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар рӯзи аввали мусобиқа дар вазни 52 кило қувваозмоӣ кард, ҷойи 3-юмро соҳиб шуд ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

XS
SM
MD
LG