Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ирландия мунтазири натиҷаи раъйпурсӣ


Дар Ирландия шумориши орои раъйпурсии таърихӣ дар бораи издивоҷи ҳамҷинсгароён шурӯъ шуд. Бино ба гузоришҳои муқаддамотӣ, мумкин аст, ки мардум дар раъйпурсии рӯзи 22–уми май ба тарафдорӣ аз ин гуна издивоҷ раъй дода бошанд ва қонун қабул шавад. Эдҳан Риордейн, вазири фарҳангу аққалият ва баробарии Ирландия гуфт, ба фикри ӯ “қонун қабул мешавад.” Ба гуфтаи вазир, раъйпурсӣ воқеан “ба асабҳо расид” ва ӯ аз ирландӣ буданаш ифтихор мекунад. Дар сурати қабули қонун доир ба издивоҷи ҳамҷинсгароён, Ирландия, ки мардумаш католик ҳастанд, аввалин кишваре мешавад, ки аз тариқи раъйпурсӣ ба издивоҷи ҳамҷинсгароён иҷоза медиҳад.

XS
SM
MD
LG