Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сокини Ваҳдат дар сӯхтори Красногорск ҷон дод


Дар Красногорск, наздикии шаҳри Маскав, як ҷавони 19-солаи тоҷик ба асари сӯхтор ҷон додааст. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, Бахтовар Самадов дар яке аз анборҳои ширкати "Элформ" зиндагӣ мекард ва дар натиҷаи сӯхтори шаби 22 май ҳалок шудааст.

Ба гуфтаи яке аз наздикони Бахтиёр, ӯ ҳамроҳ бо ду нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар сехи мебелсозии ширкати “Элформ” ба сар мебурдаанд. Сӯхтор аз як сехи ин ширкат шурӯъ шуда, масоҳати 700 метри мураббаъро фаро гирифтааст ва ба сӯхторхомӯшкунон танҳо субҳ муяссар шудааст, оташро пурра хомӯш намоянд. Бино ба иттилои пешакӣ, сабаби сӯхтор истифодаи нодуруст аз асбобоҳои коркарди чӯбу оҳан ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор будааст.

Ҷасади Бахтовар Самадови 19-сола баъди муайян шудани сабабу омилҳои сӯхтор ба зодгоҳаш - ноҳияи Ваҳдати Тоҷикистон интиқол дода хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG