Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенати Амрико дархости Обамаро пазируфт


Сенати зери раҳбарии Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Амрико дархости раиси ҷумҳур Барак Обама барои додани салоҳиятҳои фарогир дар музокироти тиҷоратиро пазируфт, ки пирӯзии бузурге барои Обама ба ҳисоб меравад. Дархости Обамаро вакилони мардумӣ рӯзи 22 –уми май тасвиб карданд. Бар асоси ин қарор, конгресс ҳақ дорад, ҳар созишномаи тиҷоратии пешниҳодшуда аз тарафи раиси ҷумҳурро қабул ва ё рад кунад, вале ҳаққи тағйир доданашро надорад. Қарори мазкур ба Барак Обама имкон медиҳад, созишномаи тиҷоратӣ бо 12 кишвари ҳавзаи Уқёнуси Оромро ниҳоӣ кунад, ки ба назари Барак Обама барои муҳофизати манофеи Амрико дар Осиё бисёр муҳим аст. Қарордоди дигари бузург бо Иттиҳодияи Аврупо аст. Вакилони Ҳизби Демократ, иттиҳодияҳои коргарӣ ва либералҳо дар Амрико мухолифи ин қарор ҳастанд, зеро ба андешаи онҳо, ингуна созишномаҳои тиҷоратӣ ҷойҳои кории амрикоиёнро ба хориҷ аз кишвар мефиристад. Қарори сенат бояд дар Маҷлиси Намояндагон тасвиб шавад, ки инҷо мухолифонаш зиёданд.

XS
SM
MD
LG