Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирофи сарбози руси боздоштшуда дар Киев


Яке аз сарбозони боздоштшуда
Яке аз сарбозони боздоштшуда

Ду сарбози рус, ки дар шарқи Украина дастгир шудаанд, мегӯянд, артиши Русия онҳоро барои маъмурият фиристода буд, ҳарчанд ба гуфтаи Маскав, ин сарбозон аз артиш қаблан ҷавоб шудаанд. Дар видеое, ки рӯзномаи «Новая Газета» дар вебсайташ нашр кард, Александр Александров яке аз ин сарбозон мегӯяд, боздошти ӯ дар Украина дар ҳафтаи гузашта нишондиҳандаи он аст, ки сарбозони Русия дар шарқи Украина, ки ҷудоиталабон бо нерӯҳои ҳукуматӣ меҷанганд, фаъолият доранд. Ба гуфтаи Александр Александров, ки дар шифохонае дар Киев табобат мегирад, «эътироф кардани ин воқеият ба нафъи мақомоти Русия нест.» Ӯро ҳамроҳи як сарбози дигар Евгений Ерофеев сарбозони Украина дастгир карданд.

XS
SM
MD
LG