Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Давраи омӯзишии сафорати Амрико поён ёфт


Сафорати Амрико дар Душанбе

Сафорати Амрико дар Душанбе

7 нафар кормандони вазорати корҳои дохила, Ожонсии назорат бар маводи мухаддир ва Додситонии кулии Тоҷикистон давраҳои омӯзишии “Ҳамкории ниҳодҳои интизомӣ бо матбуот”-ро хатм карданд.

Ин давраҳои омӯзиширо Барномаи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм созмон дода буд ва онро сафорати Амрико дар шаҳри Душанбе баргузор кард. Ширкаткунандагон роҳҳои ҳамкории самарбахш ва истифодаи муассири он дар шабакаҳои иҷтимоиро омӯхтанд.

Аз соли 1992 то ҳол сафорати Амрико дар Тоҷикистон барои ҳимоят аз бахшҳои амнияти Тоҷикистон, ниҳодҳои демократӣ, омӯзишу парвариш, беҳдошт ва рушди иқтисодӣ бештар аз 1 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст.

Давраҳои омӯзишии мазкур яке аз чаҳор давраҳои омӯзишӣ мебошад, ки барои соли 2015 пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG